- кӯча
- [کوچه]1. роҳи пиёда ва саворгарди дохили шаҳр ва деҳа2. маҳалла, гузари истиқомат ё сукунати муайян, ки қад-қади роҳе воқеъ шудааст; ба тариқи истиора: дар кӯчаи мардонагӣ…, ба кӯчаи гадоӣ, расвоӣ… даромадан, дар кӯчаи олуфтагӣ… калон шудан; кӯчаи сарбаста а) роҳе, ки пешаш бастааст ва баромадгоҳ надорад, бунбаст; б) киноя аз вазъияти ниҳоят сахт, ҳолати бисёр душвор; ноилоҷӣ; ба кӯча баромадан а) ба маҳалла (гузар) баромадан; аз хона берун баромадан; б) дар байни одамон зоҳир шудан; ба кӯча партофтан аз хона рондан ва аз ризқу рӯзӣ маҳрум кардан; аз кӯчаи коре нагузаштан аз коре асло хабар надоштан; аҳли коре набудан; ба сад кӯча даромада баромадан дар ҳама хусус фикр кардан, фикру хаёли зиёд кардан; дар кӯча мондан а) бехонаву ҷой шудан; б) бекасу кӯй шудан; бесоҳиб мондан; кӯча ба кӯча гаштан овораву саргардон шудан (дар ҷустуҷӯи чизе); худро ба ҳар кӯча задан дар ҷустуҷӯи чорае ниҳоят саргардон шудан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.